Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молияи Фаронса ба Тоҷикистон меояд


Интизор меравад, авохири ҳамин моҳ вазири молияи Фаронса ба хотири баррасии масъалаи сармоягузории сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи Душанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шавад. Рустам Холиқов, мудири кулли фурудгоҳ гуфт, барои ба поён расондани сохтмони терминал тақрибан 10 миллион еврои изофӣ лозим аст ва Тоҷикистону Фаронса сари ҳамин масъала ба тавофуқ нарасидаанд. Ба гуфтаи Рустам Холиқов, масъалаи мазкур зимни сафари Кристин Лагард ба Душанбе баррасӣ хоҳад шуд. Арзиши сохтмони терминали нав, ки қодир ба қабули 5 ҳазор мусофир дар як соат хоҳад буд, қаблан 27 миллион евро баровард шудааст.
XS
SM
MD
LG