Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Қаззофӣ аз Мисрота ақибнишинӣ мекунанд


Тонки ба асорати шӯришиён афтодаи нерӯҳои Қаззофӣ

Тонки ба асорати шӯришиён афтодаи нерӯҳои Қаззофӣ

Нерӯҳои давлати Либия мегӯянд, фармон гирифтаанд, аз шаҳри Мисрота ақибнишинӣ кунанд, ки тақрибан ду моҳ дар муҳосираи онҳо буд. Як сарбози маҷрӯҳ ва асирафтода ба дасти шӯришиён ба хабаргузори “Ройтерс” гуфтааст, ки баъди гирифтани фармон дар рӯзи ҷумъа, воҳиди низомии онҳо зимни ҷараёни ақибнишинӣ мавриди ҳамлаи шӯришиён қарор гирифт. Пештар аз ин хабар, давлати Либия гуфт, нерӯҳои НАТО ба наздикии қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ, мушак андохтанд, ки дар натиҷа се нафар кушта шудаанд. НАТО ин гузоришро шарҳе надодааст. Раҳбарони Амрикову Фаронса ва Бритониё гуфтаанд, то замоне, ки Муаммар Қаззофӣ аз қудрат наравад, ҳамлаҳои ҳавоиро хотима нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG