Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия худро ба тазоҳуротҳои бештар омода мекунад


Сурия имрӯз худро барои хушунатҳои бештар омода мекунад, чун қарор аст, имрӯз маросими дафни тазоҳургарони зиддидавлатие баргузор шавад, ки рӯзи ҷумъа аз тарафи мамъмурони амниятӣ кушта шуданд. Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли як фаъоли ҳуқуқи инсон навиштааст, “мо мисли гузашта маросими мотамро ба тазоҳуроти шадид табдил медиҳем.” Бино ба гузоришҳо дар тазоҳуротҳои алайҳи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия маъмурони амниятӣ рӯзи ҷумъа дасти кам 90 тазоҳургарро куштанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз давлати Сурия хостааст, “дарҳол ба саркӯбии тазоҳургарон хотима диҳад.” Барак Обама гуфтааст, “Башшор Ассад ба ҷойи гӯш додан ба ҳарфи мардуми худ, хориҷиёнро муттаҳам мекунанд ва аз Эрон барои саркӯбии мардуми Сурия кӯмак мехоҳад.”
XS
SM
MD
LG