Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон боздошт шуд


Нерӯҳои НАТО мегӯянд, як раҳбари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро дар шаҳри Қундузи Афғонистон боздошт кардаанд. Дар баёнияи НАТО омадааст, ин фардро бо ду шарикаш зимни амалиёте дар рӯзи 20 апрел дар ноҳияи Хонобод дастгир карданд. Дар хабарнома номи раҳбари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро ошкор накардаанд, вале гуфтаанд, ки ӯ соли 2010 аз зиндони Афғонистон гурехтаааст. Ин созмони тундравро як ҳамкори Ал-қоида медонанд ва аъзои он моҳҳои ахир дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъолтар шудаанд.
XS
SM
MD
LG