Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои муаллифи "Се пиёла чой..."


Грег Монтерсон, муаллифи китоби "Се пиёла чой..."

Грег Монтерсон, муаллифи китоби "Се пиёла чой..."

Грег Мортенсон, як саховатпешаи амрикоӣ, ба иттиҳоми сохтакорӣ, иғроқ ва истифодаи нодурусти маблағҳои бунёди хайрия муттаҳам шудааст.

Оқои Мортесон, ки муаллифи пурфурӯштарин китоби “Се пиёла чой” низ мебошад, ҳоло маврид бозҷӯии амиқ қарор гирифтааст.

МАРДЕ ДАР ҚАБИЛАНИШИНҲОИ ПОКИСТОН

Бунёди Грег Мортенсон дар манотиқи дурдасти Покистон ва Афғонистон мадрасаҳо бунёд карда ва дар рушди маориф, махсусан фарогирии духтарҳо бо таълиму тадрис саҳм доштааст.

Аммо Шабаки телевизионии CBS зимни пахши як гузориши муфассал дар «Барномаи 60 дақиқа» иддао кард, ки қисматҳое аз пурфурӯштарин китоби “Се пиёла чой” ё аз ҳад беш “рангу бор” шудаанд ё ҳақиқат надоранд. Ин барнома суолҳои зиёдеро дар бораи фаъолиятҳои башардӯстонаи Грег Мортерсон ва муомилоти молии ӯ дар бунёди “ Осиёи Марказӣ” ба миён овард. Китоби “Се пиёла чой” қисса мекунад, ки Мортерсон он қадар ошиқи минтақаи кӯҳистони Покистону Афғонистон шуд, ки ба хотири сохтмони 150 мадраса дар манотиқи дурдасти ин ду кишвар бунёди хайрия бо исми “Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ”-ро таъсис дод.

Қиссаҳои илҳомбахшояндаи Мортенсон бисёре аз амрикоиҳоро ба сармоягузорӣ ба ин бунёд басиҷ кард ва маблағи бунёд дар соли 2006 ба 50 миллион доллар барбар шуд. Раисҷумури Амрико Барак Обама низ маблағи 100 ҳазор доллар ҷоизаи Нобелро ба ҳамин бунёд хайр кард ва китоби Мортенсон он қадар ба Пентагон хуш омад, ки хондани китоби ӯ барои аскарони озими Афғонистон як амри маҷбурӣ шуд.

"СЕ ПИЁЛА ЧОЙ" ҶАНҶОЛ БАРАНГЕХТ

Аммо як пажӯҳишгари покистонӣ Мансур Хон Маҳсуд, ки исмаш дар китоби “Се пиёла чой” зикр шудааст, бо радиои Озодӣ дар тамос шуда эълон кард, ки Мортенсонро ба додгоҳ мекашад. Акнун бунёди ин филантропи амрикоӣ дар зодгоҳаш Монтана мавриди бозҷӯи қарор гирифтааст ва нашриёти “Викинг”, ки китоби ӯро табъ расонидааст, мегӯяд, ки ғалатҳои китобро пажӯҳиш хоҳад кард.

Ба ин тартиб ҳақиқат кадом аст? Пажуҳиши Радиои Озодӣ дар Покистон ва Афғонистон дар муқоиса бо “Барномаи 60 дақиқа” тасвири комилтареро ба бор овардааст. Дар фаъолияти имдодии Мортенсон як носаҳҳеҳӣ ва торикӣ, махсусан дар робита ба теъдоди мактабҳо дар Покистон ба назар мерасад.
Аз сӯи дигар ҷолиб ин аст, ки бо вуҷуди иттиҳомоте амсоли иттиҳоми Мансур Хон Маҳсуд, Мортенсон аз шумори мардуми маҳаллӣ тарафдор дорад.

МОРТЕНСОНРО БА ДОДГОҲ МЕКАШАНД

Пажуҳишгари покистонӣ Маҳсуд, ки мегӯяд Мортенсонро барои пахши дурӯғ ба додгоҳ хоҳад кашид, аз он нороҳат шудааст, ки Мортенсон дар китоби худ навиштааст, ки ӯ аз тарафи оилаи Маҳсуд гаравгон шуда буд. Маҳсуд ҳамагуна қиссаи ба гарав афтидани Мортенсонро рад кард ва гуфт, ки 15 соли пеш ҳангоми сафар ба минтақаи қабоилнишини ғарбӣ, Мортенсонро ҳамчун меҳмон пазируфтанд ва аз ӯ ҳимояту муроқибат карданд.

Оғои Маҳсуд аз дидори нахустини худ бо Мортенсон ёдовар шуд ва гуфт, ки бори аввал ӯро дар деҳкадаи меросии худ Кот Лангархел, воқеъ дар Вазиристон мулоқот ва дар тӯли сафари дуҳафтагӣ, дар сар то сари минтақа ӯро раҳбаладӣ кардааст. Аммо дар китоби “Се пиёла чой” Маҳсуд ҳамчун “фармондеҳи дар ҳоли зуҳури Толибон” тасвир шудааст, ки гӯё Мортенсонро барои чанд рӯз гаравгон гирифтааст.

Маҳсуд мегӯяд: “Мо қиссаи ӯро комилан рад мекунем. Ӯ кори ғалате кардааст. Ӯ дурӯғ гуфтааст. Ӯ меҳмони мо буд ва мо аз ӯ пазироӣ кардем. Мо ба ӯ минтақаро нишон додем. Мо якҷо акс ва навори видеоӣ бардоштем. Шумо метавонед он наворҳоро дар шабкаи CBS ва CNN тамошо кунед, дар он ҷо ӯ дар даст силоҳ акс гирифтааст. Ӯ меҳмони мо буд ва мо бо беҳтарин суннатҳои мардуми пашту аз ӯ пазироӣ кардем.”

Аз сӯи дигар мусаллам аст, ки дар соли 1996 Толибон дар Вазиристон аслан вуҷуд надоштанд ва ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, агар Мортенсон, ин шаҳрванди амрикоӣ рабуда мешуд, хабари рабуда шудани ӯ ҳамчун доғтарин хабар дар ҳама ҷо нашру пахш мешуд. Вале дар бораи рабуда шудани Мортенсон ҳеҷ хабар вуҷуд надорад.

Худи Мортенсон дар посухи катбӣ ба намоиши “барномаи 60 дақиқа”-и CBS гуфтааст, ки ӯ дар соли 1996 ба муддати 8 рӯз дар Вазиристон боздошт шуд ва ин боздошт ғайри хоҳиши ӯ буд, зеро иҷозат надошт аз он ҷо берун равад. Радиои Озодӣ талош кард, ки бо худи Мортенсон ва “Пажӯҳишгоҳи Осиӣи Марказӣ” дар тамос шавад. Вале ба мо гуфтанд, ки оқои Мортенсон мушкили сиҳат дорад ва бо мо дертар дар тамос хоҳанд шуд.

БУНЁДИ "ОСИЁИ МИЁНА" ВА МАДРАСАҲОИ ДУХТАРОНА

Раҳбарияти бунёди “Осиёи Марказӣ” гуфтааст, ки дар заминаи чигуна истифода шудани маблағҳои хайрия, махсусан дар бунёди мадрасаҳо барои духтарҳо дар Покистон, бо доситонӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки мо ба пажӯҳиши ин қазия машғул будем, ошкор шуд, ки оқои Мортенсон дар Покистон пуштибонҳо дорад, ки аз саҳми ӯ дар бунёди мадрасаҳо изҳори сипос мекунанд. Яке аз онҳо Имрон Нодир Шигрӣ аст, ки Мортенсон дар китоби “Се ҷоми қаҳва” ӯро ҳамчун як рӯҳонии муҳофизакори шиъа ва мухолифи бунёди мадрасаҳо тасвир мекунад. Шигрӣ таъйид кард, ки Мортенсон дар зодгоҳи ӯ водии дурдасти Бралду мадраса сохта буд, ки ӯ теъдоди дақиқи онҳоро дар ёд надорад.

Гул Замон, ҳокими вилояти Кунар низ таъйид кард, ки Мортенсон дар минтақа се мактаб сохтааст ва ин макотиб ҳанӯз ҳам фаъолият мекунанд. Дар сомонаи бунёди “Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ” рӯйхати мадрасаҳое нашр шудааст, ки Мортенсон дар Афғонистон ва Покистон бунёд кардааст. Ин дар ҳолест, ки сухангӯи вазорати маорифи Афғонистон мегӯяд, ки аз вуҷуди созмоне бо номи “Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ” хабар надорад.

Аҳмад Рашид, коршиноси шинохтаи минтақа, ки солҳо боз бо Мортенсон ва фаъолияти ӯ ошноӣ дорад, мегӯяд ӯ сад дар сад замонат намедиҳад, ки ҳамаи навиштаҳои Мортенсон дуруст бошанд. Аммо мегӯяд ӯ, як нуктаро касе наметавонад рад кунад, ки саҳми Мортенсон дар рушди маориф ва махсусан мадрасаҳо барои духтарҳо бисёр барҷаста аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG