Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина барои суистифода аз мақом муттаҳам карданд


Раиси шӯрои ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев-пойтахти Украина барои суистифода аз мақом ба додгоҳ кашонда шудааст. Додситонии шаҳри Киев рӯзи ҷумъа эълон кард, ки Виктор Пилипишин аз мақоми худ суистифода кардааст, ки дар натиҷаи он як миллиону 85 ҳазор доллар ба хазинаи ноҳияи Шевченко зарари молӣ расидааст. Ҳамзамон дафтари матбуотии ҷунбиши “Сокинони Киев беҳтар аз ҳама” гуфт, ки баъд аз талоши пулис барои боздошт Пилипишинро ба бемористони ёрии таъҷилӣ интиқол додаанд. Фишори хуни вай боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG