Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти Сурия 5 нафар кушта шудаанд


Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия
Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия
Шоҳидони айнӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, рӯзи ҷумъа нируҳои амниятии Сурия дастикам 5 нафарро ба қатл расондаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин рӯз ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба хиёбонҳо рехтаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки дар шаҳри шимолии Ҳама ва дар шаҳри марказии Ҳомс нируҳои амниятӣ барои пароканда сохтани тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд. Нируҳо дар Димишқ барои пароканда кардани 2 000 нафар ҷонибдорони демократия аз гази ашковар истифода кардаанд. Дар ҳаволии Димишқ ва дар шаҳрҳои дигар тазоҳуркунандагон барои сарнагунии режими ҳукмрон дар Сурия шиор додаанд.
XS
SM
MD
LG