Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус мизони воҳиди табодули рублро умедвор аст


Рӯзи ҷумъа як мақоми расмии Беларус гуфт, Минск умед дорад, ки ҳафтаи оянда баъд аз гирифтани қарзи изтирории молӣ аз Русия мизони воҳиди табодули асъорро муаррефӣ кунад. Ин суханони Анатолий Мороз-мудири бонки Беларус дар бахши назорат бар табодули асъор замоне садо дод, ки Беларус мехоҳад роҷеъ ба қарзи чандмиллиард долларӣ бо Русия музокира анҷом диҳад. Аз замоне, ки Русия нархи газро барои Беларус боло бурд, ин кишвар бо бӯҳрони иқтисодӣ мубориза мекунад. Алексей Кудрин-вазири молияи Русия гуфт, музокирот мумкин аст то моҳи май ба поён расад.
XS
SM
MD
LG