Пайвандҳои дастрасӣ

"Роғун сунамӣ барои Осиёи Миёна нест"


Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноии Тоҷикистон

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноии Тоҷикистон

Шералӣ Гул зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар сохтмони сад ё платинаи нерӯгоҳи Роғун тағйироте нахоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вазир, тарҳи фаннӣ ва иқтисодии ин нерӯгоҳ то охири моҳи май иҷро мешавад ва тарҳи зистмуҳитӣ ва иҷтимоӣ аз сӯи ширкати шветсариягии «Poyry Energy LTD » анҷом шудааст.

БОНКИ ҶАҲОНӢ ВА ТАРҲИ ЗИСТМУҲИТИИ РОҒУН

Қарор аст Бонки Ҷаҳонӣ бо ба поён расидани ҳар ду тарҳ ба ташкили консорсиуми байналмилалӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ иқдом хоҳад кард

Тибқи иттилои мақомоти вазорати энержӣ ва саноии Тоҷикистон, ширкати шведсариягии «Poyry Energy LTD» тарҳи зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро таҳия карда ва интизор меравад ду ҳафтаи оянда ба ҳукумат тавассути Бонки Ҷаҳонӣ ироа шавад.

Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноии Тоҷикистон дар ин бора афзуд: «метавон гуфт, ки тарҳи зистмуҳитӣ ва иҷтимоии Роғун омода аст. Ҳафтае қабл мутахассисони ширкати «Poyry Energy LTD» дар вазорати мо буданд. Тарҳро пешниҳод карданд. Мутахасисони мо чанд пешниҳод карданд. Бо ин далел онҳо ду ҳафта мӯҳлат пурсиданд, то ин пешниҳодҳоро ворид кунанд. Ин тарҳ аввалҳои моҳи май ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд».

Аммо ҷаноби вазир ба суоли хабарнигорон, ки оё пешниҳодоти мутахассисони Тоҷикистон ба сатҳи садд ё платинаи Роғун рабт дорад, посухи рад дод ва гуфт, ки ҳеҷ навъ тағйирот дар сатҳи платина дар назар нест. Вай таъкид кард, ки чӣ тавре, ки қаблан тарҳрезӣ шуда буд, садди нерӯгоҳ ҳамон тарз сохта хоҳад шуд. Шералӣ Гул, гуфт, ки онҳо натиҷаи экспертиза ё ташхиси зистмуҳитӣ ва фанниву иқтисодиро ба ҳеҷ кишвари ҳамсоя пешниҳод нахоҳанд кард. Аммо ҷаноби Гул гуфт, дар сурати Бонки Ҷаҳонӣ ин корро анҷом диҳад, салоҳияти онҳост на ин, ки аз ҳукумати Тоҷикистон.

ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРЖӢ

Афзун бар ин, вазири энержӣ ва саноӣ афзуд, тарҳи фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғун низ то охири моҳи май ба поён мерасад. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми солонааш ба
парлумон ба масъалаи истиқлоли энержии Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт: «бо ба истифода додани нерӯгоҳи Сангтӯда -2 то охири соли ҷорӣ, идомаи корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои амалкунунадаи Норак, Қайроқум ва силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Варзобу Вахш дар се соли оянда истиқлоли энержиии Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард.»

РОҒУН - СУНАМӢ БАРОИ ОСИЁИ МИЁНА?

Дар ҳоле, ки тарҳи фаннӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун дар ҳоли анҷом аст, мақомоти Узбакистон тарҳи сохтмони обанбор ва нерӯгоҳи Роғун дар маҳалли зилизилахезро тӯфони об ё худ сунамӣ барои Осиёи Миёна хонда авоқиби онро ба фоҷеаи Ҷопон шабеҳ номидаанд.

Нурулло Шулашев, мудири кулли ширкати «Роғун» дар як номаи катбӣ дар посух ба мақолаи «Правда Восток», чопи Тошканд навиштааст, ҳамсӯҳбати ин рӯзнома муаллифи тарҳи фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғун дар Пажӯҳишгоҳи тарроҳии Гидропроекти Тошканд ифои вазифа намуда, феълан раёсати ин муасиссаи илмиро бар ӯҳда дорад. Шулашов мегӯяд, ки ин мутахассиси варзидаро чӣ маҷбур кардааст, ки имрӯз мухолифи барномаи таҳиякардаи худ сӯҳбат кунад. Гузашта аз ин, дар ин матлаб назари академики тоҷик Собит Неъматуллоев оварда шудааст, ки гӯё ба ин рӯзнома гуфта бошад, ки дар даҳ соли оянда дар минтақаи Помиру Ҳиндукуш зилзилаи шадид дар назар аст. Аммо академик Собит Неъматуллоев дар гуфтугӯ бо РО ин иддаоҳоро рад кард ва гуфт, ки бо ин нашрия сӯҳбат накардааст.

"РОҒУН ХАТАРЕРО ДАР ПАЙ НАДОРАД"

Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнергетика аз Русия гуфтааст, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст ва ин тарҳ боэътимод аст ва дар ҳолати зилзила хатареро дар пай надорад.

Бино ба мувофиқатномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз анҷоми тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ, ин бонк барои ҷалби сармояҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун консорсиуми байналмилалӣ ташкил хоҳад кард ва ба ин тарҳ ширкатҳои маъруфи энергиро ҷалб хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин нерӯгоҳ корҳои барқароркунӣ идома дорад ва давлат барои иҷрои он маблағи 850 миллион сомонӣ дар соли ҷорӣ ихтисос додааст.

Зимнан, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, тавони нерӯгоҳи Роғун се баробари тавони нерӯгоҳи атомии сохтаи Русия дар Бушаҳри Эрон аст ва дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG