Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мак Кейн: Амрико бояд ба шӯришиёни Либия кӯмак кунад


Мак Кейн дар Бенғозӣ
Мак Кейн дар Бенғозӣ
Ҷон Мак Кейн-сенатори амрикоӣ барои музокира бо намояндагони шӯришиёни Либия вориди Бенғозӣ шудааст. Шӯришиён бо нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ барои сарнагунии вай мубориза мекунанд. Баъд аз вуруд ба Бенғозӣ-маркази шӯришиён Мак Кейн гуфт, шӯришиён қаҳрамонанд. Оқои Мак Кейн гуфт, ки Амрико дар ҷанг бар зидди Муаммар Қаззофӣ бояд фаъолтар бошад, зеро ҳампаймононаш дар НАТО чандон фаъол нестанд.

“Онҳо ба кӯмаки зиёд ниёз доранд. Онҳо ба ҳимояти бештари ҳавоӣ ниёз доранд. Амрико аз тавоноии нодир бархӯрдор аст. Мо бояд онро барқарор кунем. Ин тавоноӣ бояд эътироф шавад”.


Аз миёнаҳои моҳи феврал аз замони оғози муборизаҳо бар зидди ҳукумати Муаммар Қаззофӣ Мак Кейн болотарин мақоми амрикоист, ки аз Либия боздид мекунад. Вай яке аз ҷонибдорони қавии мудохилаи низомӣ ба Либия дар Конгресси Амрико ба шумор меравад
XS
SM
MD
LG