Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистону Қирғизистон корхонаи низомиро таъмир мекунанд


Қазоқистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки дар шаҳраки шимолии Балиқчии Қирғизистон як корхонаи низомии давраи Шӯравиро таъмир ва дубора истифода кунанд. Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, 51 дарсади саҳмияи корхона дар ихтиёри Қазоқистон ва 49 дарсади дигар дар ихтиёри Қирғизистон қарор хоҳад гирифт. Ин корхона маводи низомии мавриди ниёзи артиши Қирғизистонро тавлид мекунад ва дар он 300 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Дастмузди коргарон моҳе 215 долларро ташкил хоҳад дод, ки аз дастмузди миёна дар Қирғизистон бештар аст. Дар оянда ин корхона фаровардаҳои ғайринизомӣ низ тавлид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG