Пайвандҳои дастрасӣ

Падари Алии Бедакиро барои чӣ муттаҳам медонанд?


Додситонӣ Музаффар Давлатов-сокини ноҳияи Рашт ва падари Алии Бедакиро дар ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ гунаҳгор кардааст. Аммо ин марди 76-сола ин иттиҳомро беасос медонад. Ба парвандаи Давлатов додситонии низомии Тоҷикистон расидагӣ анҷом додааст ва хабари анҷоми расидагӣ ба ин парвандаро таъйид кардааст. Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки Музаффар Давлатов бар асоси моддаи 185-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад. Аммо Урунбой Бобошеров-вакили мудофеи падари Алии Бедакӣ мегӯяд:

«Ман шахсан бо маводи кор шинос нестам, ки тафтишот чӣ далелу асос дорад, ки ба моддаи 185 ӯро айбдор мекунад. Аммо Давлатов худро бегуноҳ меҳисобад”.

Бобошеров гуфт, вай фикру андешаҳояшро баъд аз шиносоӣ бо парванда хоҳад гуфт. Аммо изҳор дошт, ки то ҳол ягон фишор ё шиканҷаро дар ҳақи нафари зери ҳимояти худ мушоҳида накардааст.
XS
SM
MD
LG