Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ бинобар пазируфта нашудани намояндагонаш дар қитъаҳои раъйдиҳӣ, номзади худро аз ширкат дар интихоботи миёндавраӣ фаро хонд.

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзади ҲНИТ Сайидиброҳими Назарро 15-уми апрел сабти ном карда буд. Ҳизби наҳзати исломӣ барои сабти номзадаш ба ин шарт розӣ буд, ки агар намояндагони он ҳамчун узв дар қитъаҳои раъйдиҳӣ пазируфта шаванд.

Намояндаи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки агар дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳизб узви худро надошта бошад мубориза барои курсии Маҷлиси намояндагон аҳамияте надорад. Натиҷаи овоздиҳӣ дар қитъаҳо марҳилаи ибтидоӣ, вале калидии интихоботҳо ба шумор меояд. Маҳз дар ҳаминҷо рӯшан хоҳад шуд, кӣ ба кадом ҳизб ва ё ба кадом номзад овоз додааст: «Аз
Ҳикматулло Сайфуллозода
ҷониби ҳавзаи Сино намояндагони ҲНИТ ба ҳайси узв дар қитъаҳои раъйдиҳӣ пазируфта нашуданд ва бахши ноҳиявии ҳизб зарурати мубориза дар интихоботи миёндавраӣ барои курсии Маҷлиси Намоянадгонро зарур нашуморид».


Абдулло Ҳабибов, раиси Кумиссиюни ҳавзаи Синои пойтахт гуфт, ки чун дар Қонуни интихоботи Тоҷикистон дар мавриди узвияти аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ба таври мушаххас ишорае нест, аз пешниҳоди ҲНИТ худдорӣ карда шуд: «Мо пас аз пешниҳоди ҲНИТ бо ҳуқуқдонҳо ва қонуншиносон сӯҳбату машваратҳо кардем, онҳо гуфтанд, ки Қонуни интихоботӣ узвияти намояндаи ҳизб дар қитъаҳои раъйдиҳиро иҷоза намедиҳад, ҳоло дар таърихи ҷумҳурӣ чунин ҳолат нашудааст. Дар рӯзҳои наздик дар ҷаласаи навбатии ҳавзаи Сино масъалаи мазкур баррасӣ шуда номзадии Саидиброҳими Назар бекор карда хоҳад шуд».

Ҳоло, ки номзади ҲНИТ аз ҳавзаи интихоботии Сино пояшро берун кашидааст ин як тарафи масъала аст. Вале масъалаи муҳим ин аст, ки чаро узвияти аҳзоби сисёсӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ роҳ дода намешавад. Агар аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои раъй аъзои худро дошта бошанд чӣ аҳамият дорад?

Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз шаш сол қабл Ҳизби коммунист ва аҳзоби дигар ба ҳукумат пешиниҳод карда буданд, ки узвияти намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ба Қонуни интихобот илова карда шавад, вале ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳодро рад кард: «Аъзои аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои раъй ногузир аст. Зеро танҳо узви ҳизб метавонад мушаххас кунанд, ки чӣ қадар
Шодӣ Шабдолов
раъйдиҳанда ба тарафдории ҳизб овоз додааст. Дигар ин, ки ҳузури аъзои ҳизбҳо имкон намедиҳад, ки дар баршумурдани варақаҳои раъй ба тахаллуф роҳ дода шавад. Сандуқҳои раъй назорат бурда мешавад. Танҳо тақаллуб дар ҳамин ҷо сурат мегирад ва вақте, ки аҳзоб мебинанд, ки овози мардумро кам ва ё зиёд гирифтаанд, ҷои шак аз ҷараёни интихобот намемонад. Ва эътимод ба интихобот бештар мешавад.»


Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки дар Маҷлис намояндагон ҳатман ворид намудани ин масъаларо дар миён хоҳад гузошт.

Дар миёни аҳзоби сиёсӣ танҳо Ҳизби халқӣ- демократӣ чандон аз узвияти аҳзоб дар қитъаҳои раъй ҷонибдорӣ намекунад. Усмон Солеҳ, сардори бахши иттилоот ва робитаҳои ҷамъиятии ин ҳизб мегӯяд, ки ҳизбҳо иддао доранд, ки дар қитъаҳо намояндагони худро дошта бошанд, вале интихоботҳои гузашта нишон дод, ки дар ҳавзаҳову қитъаҳо аъзои ин ҳизбҳо ҳамчун нозир ба таври зарурӣ намерасид: «Ёд дорам, ки дар интихоботҳои гузашта вақте, ки ба қитъаҳо меомадем, медидем, ки намояндагони баъзе ҳизбҳо ҳамчун нозир ширкат надорад, мепурсидем, ки чаро нестанд, мегуфтанд аъзои ҳизб ба қадри зарурӣ намерасад, ки дар ҳамаи қитъаҳо бошанд. Ҳоло ҳам вазъ ҳамин гуна аст, ки буд.»

Аксари таҳлилгарони масоили ҳуқуқӣ мегӯянд, ки новобаста аз теъдоди аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, бояд дар Қонуни интихобот ҳаққи узвияти намояндагони ҳизбҳо дар қитъаҳои раъйдиҳӣ илова карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG