Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи ал Қоида дар Қафқози Шимолӣ кушта шуд


Бино ба хабари мақомоти расмии Русия, нируҳои амниятии ин кишвар як тундрави Саудиро, ки фиристодаи боломақоми ал Қоида дар Қафқози Шимолист, ба қатл расондаанд. Имрӯз Кумитаи миллии зиддитерроризми Русия гуфт, ин тундрав бо номи Муқаннид яке аз се шӯришиёне мебошад, ки дар задухӯрдҳо бо нируҳои амниятии Русия дар ноҳияи Шалии Чеченистон рӯзи панҷшанбе кушта шуд. Николай Синтсов-сухангӯи кумитаи мазкур гуфт, Муқаннид як ҷо бо Доку Умаров яке аз афроди калидӣ дар фармондеҳии шӯришиёни минтақа будааст. Кумитаи миллии зиддитеррори Русия мегӯяд, Муқаннид аз хориҷ барои шӯришиён пул меовард ва ба таври мустақим дар ҳамлаҳои солҳои ахир дар Русия даст дошт.
XS
SM
MD
LG