Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди тилло дар Тоҷикистон афзоиш меёбад


Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаи муштараки “Зарафшон” 360 килограмм тилло тасфия кардааст, ки аз семоҳаи соли гузашта 114 килограмм бештар аст. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар додааст. Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло дар ин корхона таъмир идома дорад. Баъд аз хатми корҳои таъмир тавлиди тилло дар ин корхона соле ба 1,5 тон хоҳад расид. Ба гуфтаи Гул Шералӣ, то поёни соли ҷорӣ тавлиди тилло дар Тоҷикистон ба 3 тон мерасад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 2 тон тилло тавлид шуда буд.
XS
SM
MD
LG