Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Қаззофӣ аз бомбҳои хӯшаӣ истифода мекунад."


Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, нирӯҳои Либия мардуми мулкиро низ бо бомбҳои манъшудаи хӯшаӣ ҳадаф гирифтаанд.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, бомбҳои хӯшаӣ, ки истифодааш аз сӯи беш аз 100 кишвари дунё манъ шудааст, ба гумони ғолиб, дар набардҳо барои шаҳри иҳоташудаи Мисрота, пойгоҳи асосии чирикиҳо дар ғарби Либия, истифода шудаанд: “Нирӯҳои сарҳанг Қаззофӣ ба ҳамлаҳои даҳшатовари худ, аз ҷумла ба муҳосираи Мисрота идома медиҳанд. Ҳатто гузоришҳое ба даст расид, ки нирӯҳои Қаззофӣ алайҳи мардуми худ аз бомбҳои хӯшаӣ истифода мекунанд.”

Дирӯз Навӣ Пилай, куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар низ дар бораи гузоришҳои зиёде аз истифодаи бомбҳои хӯшаӣ аз ҷониби нирӯҳои Қаззофӣ изҳори ташвиш кард ва гуфт, ин аъмол метавонад мавзӯъи ҷиноёти байналмилалӣ шавад.



Аммо изҳороти Ҳилларӣ Клинтон нахустин мавридест, ки як мақоми амрикоӣ дар бораи истифодаи чунин бомбҳо аз сӯи нирӯҳои Қаззофӣ сӯҳбат мекунад. Даъвое, ки Либия то кунун радд мекунад.

ИДОМАИ НАБАРД ДАР МИСРОТА

Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин аз давлати Қаззофӣ тақозо кард, то ҳамаи амрикоиҳои боздошткардаашро раҳо кунад: “Мо ҳамчунин ба раҳоии билофосилаи амрикоиҳо, бо шумули дастикам 2 хабарнигор, ки аз сӯи мақомоти Либия ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, даъват мекунем.”

Бо ин ҳол, набардҳои сангин дар Мисрота ҳамчунон идома дорад. Ин севвумин шаҳри бузурги Либия ва пойгоҳи асоси чирикиҳо дар ғарби ин кишвар 7 ҳафта боз аз сӯи нирӯҳои Қаззофӣ иҳота шудааст.

Дар ин муддат дар Мисрота садҳо нафар ҷон бохтанд. Аз ҷумла рӯзи чаҳоршанбе дар Мисрота як гурӯҳи хабарнигорони ғарбӣ низ таҳти оташ монд ва дар натиҷа ду аксбардори маъруф – Тим Ҳейзерингтони бритониёӣ ва Крис Ҳондроси амрикоӣ – кушта шуданд. Чирикиҳои Либия мегӯянд, баъди се рӯзи набард Вазин, як гузаргоҳи марзӣ дар марз бо Тунисро таҳти назорат овардаанд.

НАТО ДАР БОТЛОҚИ ЛИБИЯ

Дар Троблус, пойтахти Либия, сухангӯи давлат Мӯсо Иброҳим гуфт, ки мақомот ба хотири муқобила ба ҳамлаи эҳтимолии нирӯҳои хушкигарди НАТО мардуми мулкиро мусаллаҳ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Ғарб дар ҳоли ҳозир чандон алоқаманди печидан ба боз як низоъи дигар дар ҷаҳони Ислом ба назар намерасанд. Бритониёву Итолиё ва Фаронса ахиран ҷиҳати эъзоми мушовирони низомӣ ба Либия ба хотири ташкили хубтари созмонҳои ҷангии чирикиҳо тасмим гирифтанд, вале мегӯянд, қасди ирсоли нирӯи заминӣ ба ин кишвари арабиро надоранд.

Вошингтон низ бо вуҷуди истиқбол аз ин қарори муттаҳидини аврупоияш гуфтааст, нақшаи эъзоми нирӯҳои Амрико ба Либия матраҳ нест. Вале вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки Амрико ба дунболи ахзи ризоияти раисиҷумҳур Барак Обама ба истифодаи ҳавопаймоҳои “Predator”, як навъи ҷангандаҳои бидуни сарнишин дар Либия омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG