Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба эътирозҳои бештар дар Сурия


Эътирози зидди Асад дар Бониёс
Эътирози зидди Асад дар Бониёс
Фаъолони Сурия мегӯянд, барои имрӯз эътирозҳои бештар алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро барномарезӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Башор Асад дирӯз қарори лағви вазъи изтирориеро, ки ҳанӯз 48 сол қабл ҷорӣ шуда, ба мақомот барои таъқибу боздошти мардум салоҳиятҳои фавқулодда медод, тасвиб кард. Лағви вазъи изтирорӣ аз талабҳои умдаи эътирозҳои бесобиқаест, ки Сурия беш аз як моҳ боз дучор шуда, тайи ин муддат беш аз 200 қурбонӣ ба ҷо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG