Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми боздошти вазири собиқи энержии Миср


Самӣ Фаҳмӣ(дуввум азч ап) дар расми муаррифии тарҳи лӯлаи гази Nabucco дар Будапешт(соли 2009)

Самӣ Фаҳмӣ(дуввум азч ап) дар расми муаррифии тарҳи лӯлаи гази Nabucco дар Будапешт(соли 2009)

Додситони Миср ҷиҳати боздошти вазири собиқи энержӣ Самӣ Фаҳмӣ ва 5 мақоми дигари аршад ба хотири бозпурсии онҳо пиромуни қарордоди газ бо Исроил дастур додааст. Баёнияи дафтари додситон мегӯяд, ин қарордод бо нархи пойинтар аз қимати бозор фурӯхтани газ ба Исроилро дар назар дошт, ки дар натиҷааш ба давлат 714 миллион доллар зиён расидааст. Исроил тибқи қарордоде, ки баъд аз паймони сулҳи соли 1979 ба иҷро даромад, 40 дарсади гази табиии лозимашро аз Миср мегирад.
XS
SM
MD
LG