Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад ба вазъи изтирорӣ дар Сурия нуқта гузошт


Башор Асад гӯшбақимори мардумаш шудааст
Башор Асад гӯшбақимори мардумаш шудааст
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад қарорҳо дар мавриди лағви вазъи изтирорӣ, барҳам додани додгоҳи амниятӣ ва иҷозати эътирозҳои сулҳомезро тасвиб кардааст. Кобинаи вазирон ин қонунҳоро ҳанӯз дар оғози ҳафтаи ҷорӣ тасвиб карда буд. Лағви вазъи изтирорие, ки ҳанӯз 48 сол қабл, дар соли 1963 ҷорӣ шудааст, аз талабҳои умдаи эътирозгаронест, ки беш аз як моҳ боз дар Сурия алайҳи режими Асад тазоҳурот мекунанд. Гуфта мешавад, тайи ин муддат дар Сурия беш аз 200 нафар қурбон шудаанд.
XS
SM
MD
LG