Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибовро аз Файзобод ба Душанбе овардаанд


Кӯдакони Атовулло Рақибов
Кӯдакони Атовулло Рақибов
Сокини рустои Заркамари ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибовро ҳанӯз дар рӯзи дуввуми боздошташ аз Файзобод ба Душанбе овардаанд. Хешовандони ӯ гуфтаанд, ки Атовулло Рақибов феълан дар боздоштгоҳи якум қарор дорад. Рақибов 3 сол боз бо мақомоти Файзобод бар сари як қитъа замин моҷаро дорад. Додгоҳи ноҳия рӯзи 13 апрел ҳукми ҳабси ӯро бо ҷурми мамониат ба раванди мурофиа ва сарпечӣ аз иҷрои қарори мақомот содир кард. Атовулло Рақибов рӯзи 16 апрел боздошт шуд. Феълан дар Интернет бо талаби озодии ӯ як маъракаи саросарии ҳимоят аз Рақибов шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG