Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, гулӯлаи таркида дар бозори ноҳияи Рӯдакӣ рабте ба ин пойгоҳ надорад. Сухангӯи пойгоҳи Русия Дмитрий Матушкин гуфтааст, ки назорат бар муҳимоти ҷангӣ дар ин пойгоҳ шадид буда, ҳамаи муҳимоти пойгоҳ маҳфуз аст.
Рӯзи чоршанбе бар асари таркиши як гулӯла дар бозори ноҳияи Рӯдакӣ 6 нафар ҷароҳат бардоштанд. Вазъи ду захмиро вахим арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, як сокини рустои Чоргултеппа ин гулӯларо аз тамрингоҳи Лоҳур ёфта, ба бозор овардааст.
XS
SM
MD
LG