Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираи тилову асъори Тоҷикистон 700 миллион шуд


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, захираи тилову асъори ин кишвар дар семоҳаи аввали сол назар ба айни давраи соли қаблӣ 79,5 дарсад афзуда, ба 700 миллион доллар расидааст. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ гуфт, 400 миллион доллари захираи Тоҷикистон дар хориҷ нигоҳ дошта мешавад. Ӯ афзуд, Бонки миллӣ барои такмили захираҳояш аз бозорҳои беруна қариб 2 тонна тило ва дар дохил 234 кило аз ин навъи фулузи гаронбаҳо харидорӣ кардааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон низ зери 2 тонна тило истихроҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG