Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Иҷрокунандагони ҳукмҳои додгоҳӣ аз идораи ҳафтаномаи мустақили “Пайкон” ду компутар, як телефони корӣ ва сканеру принтерро мусодира кардаанд. Саидмаҳмуд Гулов, яке аз иҷрокунандагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин молумулк ба хотири иҷрои ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар моҳи октябр “Пайкон”-ро ба нафъи идораи давлатии “Тоҷикстандарт” 300 000 сомонӣ ҷарима баста буд, гирифта шудааст.
“Тоҷикстандарт” номаи шикоятии як гурӯҳи соҳибкорон дар “Пайкон”-ро тӯҳматомез хонда, ба додгоҳ шикоят бурда буд. Аммо созмонҳои дифоъ аз озодии матбуот ин даъвои додгоҳиро талоши бастани забони расонаҳои мустақил меноманд.
XS
SM
MD
LG