Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Улянов(Ленин) имрӯз 141-сола мешавад


Имрӯз, 22 апрел, дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар Маскав бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот мекунад. Интизор меравад, имрӯз дар Сурия эътирозҳои густарда алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад доир шаванд. Имрӯз, 22 апрел дар тақвими СММ Рӯзи байналмилалии замин аст. Масеҳиёни дунё имрӯз аз Рӯзи Одина, оғози маъракаҳои Иди Пок(Пасха) таҷлил мекунанд. Ва дар ҳамин таърих - 22 апрели соли 1870 дар Симбирски Русия Владимир Улянов(Ленин), асосгузори давлати шӯравӣ ба дунё омад. Ҷанозаи Ленин то ҳол дар Мавзолейи Маскав гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG