Пайвандҳои дастрасӣ

“Созмонҳои ҳуқуқи занон ҳама дурӯғанд.”


Аз бойгонӣ. Нишасти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон дар шаҳри Душанбе.

Аз бойгонӣ. Нишасти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон дар шаҳри Душанбе.

Ман, Шаҳло Аҳмадова, сокини шаҳри Душанбе, мехоҳам, аз мушкилоти сангини зиндагиам қисса кунам.

Достону қиссаҳои зиёдеро дар бораи рашки хушдоман шунида будам, аммо бовар намекардам, ки ин рашк ба ҳадде бошад, ки модар ё бибӣ дар ҳаққи фарзандони худ кори бераҳмтарин душманро кунад.

Ман ҳам мисли ҳама духтарон бо умеду орзуҳои бисёре ба шавҳар баромадам. Вале аз рӯзҳои аввал чуноне мегӯянд, ситораам ба ситораи модари шавҳарам рост наомад. Чуноне худи ӯ мегӯяд маро «шум дид, ки шум дид». Ягон кори кардаам ба ӯ писанд набуд. Ҳамеша таънаам мезаду маломатам мекард.

Ҳар меҳмону ҳамсояе ба хонаи мо меомад,онҳоро хушдоманам бо ғайбати ман пешвоз мегирифту гусел мекард. Агар ҷангандозиву хабаркашиҳояш кора намекарду маро шавҳарам намезад, худашро ба девонагӣ андохта, доду вой ва писарашро дуои бад мекард. Нонамонро заҳрамон мекард. Гапи дустдоштааш ҳамин буд, ки “писари фалонӣ барои як қатра оби чашми очааш занашро се талоқ кард. Ту бошӣ латтакӯҳнаӣ ва модар бароят қадре надорад.”

Ё мегуфт, “писарҳои ман зан гуфта мурдагӣ.”

Ман тамоми кори хона ва тамоми фармудаҳояшро иҷро мекардам, ягон бор гапашро намегардондам,аммо руирост мегуфт, «Келин ба кӣ дуст шудааст, ки ба ман шавад. Хонаву дарам илоҳо насибатон накунад.»

Шавҳарам дар аввал одами баде набуд. Аз модараш пинҳонӣ ҳам бошад, ба ману фарзандонамон гоҳ-гоҳ меҳрубонӣ мекард. Баъд оҳиста-оҳиста заҳри забони модараш ва иғвову ҷангандозиҳояш кора карду бо камтарин баҳона маро зери лагад мегирифт. Биниамро зада шикаст. Дастонамро маъюб кард. Агар пурсам, ки барои чӣ маро мезанӣ, мегуфт «мон, дили модарам қарор гирад. Агар туро назанам, очаам касал мешавад. Чӣ кор кунам охир, худо ӯро модар кардааст».

Рӯзи сиёҳи ман дар хонаи шавҳар баъди вафоти падари шавҳарам тиратар шуд. Падарарӯсам, ки ғайрихоҳиши хушдоманам маро келин карда буд, ҳамеша маро аз ҳамлаҳову хархашаҳои ҳамсараш то андозае ҳифз мекард. Падару модарам бошанд, кӯшиш мекарданд, ки ба зиндагии ман дахл накунанд. Ва насиҳатам мекарданд, ки сабр кунам ягон рӯз хушдоманат ба худ омада, туро ба ҳолат мегузорад. Аммо ин тавр нашуд. Охири охирон ду соли пеш бар қасди модараш хуб маро заду талоқамро дод.

Ҳоло ман бо ду фарзанди худсолам дар манзили модарам, ки дар хонаи баланошёна буда, ҳамагӣ аз ду ҳуҷра иборат аст, бо падару модарам ва бародараму зану фарзандони ӯ зиндагӣ дорем. Кӯдакони ман ҷойи хоби алоҳида надоранд. Аслан берун ҷойи гардишу бозии онҳост. Ман бесаброна тобистонро интизорӣ мекашам, ки бачаҳоям баромада, баҳузур дар берун гарданд.

Аввалҳо гоҳ-гоҳ шавҳарам омада, фарзандонашро хабар мегирифт. Модараш инро фаҳмид, ки омаданро бас кард. Кӯдакони ман дар орзуи як бор дидан ё шунидани овози падарашонанд. Падарашон бо солу моҳ як бор онҳоро барои дидан намеояд, куҷо расад ба кӯмаки молӣ.

Баъзан вақте ману модарам мебинем, ки интизориву суолборонкунии онҳо ба монанди “отам барои чӣ намеояд? Моро чаро зоорак (зоопарк) намебарад? Чаро телефон намекунад? Чаро отаи фалонӣ барояш мошинча хариду отаи ман нахарид?”-- зиёд мешавад, дили мо хун мегиряд ва ба хонаи дигар гузашта, сачоқро модарам болои гӯшаки телефон пӯшонда овозашро мардона карда, бо кӯдакони ман аз номи падарашон гап мезанад ва меҳрубониашон мекунад.

Ё вақти хобашон бозича харида, зери болинашон мегузорад ва мегӯяд, ки шумо хоб будед, отаатон омада ин бозичаҳоро дода рафт. Бо ҳамин боз чанд муддати дигар вақташон хуш шуда ба дугонаву ҷӯраҳояшон таъриф мекунанд.

Хушдоманам ҳатто иҷоза надод, ки маро бо ду кӯдакам дар қайди манзилаш монанд. Маҳаллае, ки хонаи шаҳвари ман он ҷост, тибқи плани генералии шаҳр бояд тахриб шавад ва ба соҳибонаш хонаи дигар диҳанд. Аммо бадбинии хушдомани ман ба он ҳаддест, ки намехоҳад, ақаллан давлат ба ману фарзандонам ягон манзили зист бидиҳад.

Албатта, мисли ман дар Тоҷикистон занҳои танҳову бесарпаноҳу саргардон кам нестанд. Ва занҳое ҳам кам нестанд, ки аз ҷабри хушдоману шавҳар худкушӣ кардаанд. Вале чизи дигар маро ранҷ медиҳад, ки чаро идораҳои дахлдор ба доди мо занҳои танҳо расидан намехоҳанд. Аз телевизиону радио истода, кормандони кумитаи занон, лигаи занҳои ҳуқуқшинос ва дигарон баромад карда, мегӯянд, ки “мо ба ин қадар зани танҳо кӯмаку маслиҳати ройгон додем. Биёед, занҳои азиз муроҷиат кунед, натарсед,ҳуқуқҳои худро бишиносед ва нагузоред, ки шуморо таҳти хушунат қарор диҳанд.”

Вале вақте ман бо ду фарзандам ба дари ин идораҳо рафтам ва арз кардам, ки ман бо шавҳарам никоҳи қонунӣ дорем ва имрӯз ману кӯдаконам бесарпаноҳем, ба ман кӯмак кунед, ҳуқуқи маро ҳимоят кунед, ба ҷои ёриву дидбардорӣ ба сарам ғавғо бардоштаву маломатам карданд, ки “чаро дер омадӣ. Ҳоло ки шавҳарат зан гирифтааст, мо чӣ кор карда метавонем. Ин қадар вақт дар куҷо будӣ?”

Ин дар ҳолест, ки ниҳоди дигари масъули ҳифзи ҳуқуқи зан ба ман гуфта буд, ки мон, шавҳарат зан гирад, баъд ту даъво кун, то ба фарзандонат алимент ва хона гирифта диҳем. Агар ҳоло даъво кунӣ, шавҳарат мегӯяд, ки худаш намехоҳад, зиндагӣ кунад. Дигараш ба сарам бонг зада гуфт «Хайр кадом шавҳар намезанад, кадом хушдоман ҷанҷол намекунад? Нозу нуз накарда, дар хонаат мешиштӣ, ҳоло соҳиби хона мешудӣ. Чаро ба хонаи модарат рафтӣ?» Дар идораи дигар: «Хайр чӣ мардаки бечора зан нагирад, ту ки ноз карда баромада рафтӣ. Ман вақт надорам туро гӯш кунам, чунки ба маҷлиси ҳуқумат дер монда истодаам.»

Ман бонгу ғавғо ва таънаву маломати кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи занҳоро, ки аз таънаҳои худоманам начандон фарқ доштанд, шунида, аз омаданам пушаймон шудам ва ҳатто ба худ андешидам, ки шояд ҳамаш айби худам бошад бошад. Агар айби ман бошад, чаро боз се келини дигар низ аз он хона «ҷони худоӣ»- (бо таъбири мардумӣ) гуфта, баромада рафтанд? Ё шояд то мурданам агар шавҳараму хушдоманам ва дигар аъзои оила маро мезаданд ва 10 бори дигар талоқам дода пеш мекарданд, аз хона намебаромадам? Ё беҳтараш худкушӣ мекардам?

Чунин муносибат ва чунин «ғамхорӣ» дар ҳаққи зан, мани дар чаҳорсӯи зиндагӣ бо ду фарзанди хурдсол ҳайронмондаро ҳайронтару музтар кард ва ноумедона дари ин идораҳоро аз берун пӯшидам. Ва ба худ суол медиҳам,ки оё ҳамаи ин рекламаву гузоришҳову протоколҳову маҷлису нишастҳо, таърифу тавсифҳо барои чӣ ва барои кӣ бошанд? Агар онҳо ба ман барин зане, ки бино ба хушунатҳои шадиди шавҳару хушдоман саломатиашро аз даст додаааст ва бо ду кӯдаки хурсол бе ҷойи кору бе ягон манбаи даромад мондааст, кӯмак намекунанд, пас ба кӣ кумак мекарда бошанд? Оё он зани масъули ҳуқуқи зан он рӯз ба маҷлиси ҳукумат рафта, аз кору фаъолияти худ чӣ гуна гузориш дода бошад?

Шаҳло Аҳмадова (номи тағйирхӯрдаи ман аст), сокини шаҳри Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG