Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи фаъолияти ширкати наздик ба Алимардонов


Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон

Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳисобҳои бонкии ширкати «Ренесанс Капитал»-ро баст.

Он ҳамчунин фаъолияти молии ин муассисаи хурди қарздиҳиро манъ кардааст. Ин амр дар пайи шикояти як сокини Тоҷикистон дар робита ба муомилоти молии муассисаи мазкур сурат гирифтааст.

Масъала боз аз он ҷо сарусадо пайдо кардааст, ки раҳбариии ин муассисаро Исмоил Раҷабов, яке аз
Мо бар асоси қонун метавонем фаъолияти ин ширкатро манъ кунем, вале бидуни қарори суд, ҳаққи гирифтани муҷаввизашро надорем...
наздикони Муродалӣ Алимардонов, собиқ раиси Бонки Миллӣ ва ҳоло муовини сарвазири Тоҷикистон дар ӯҳда дорад.

Бо он ки додгоҳ фаъолияти «Ренесанс Капитал» -ро масдуд кардааст, раҳбарияти Бонки Миллӣ то ҳол муҷаввиз ё литсензияи ин корхонаи хурди қарздиҳиро лағв накардааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳол гуфт: «ин ташкилоти хурди қарздиҳӣ бо сармояи ҳудудан 200 ҳазор доллар фаъолият дорад ва барои лағви иҷозатномаи фаъолияти он қарори додгоҳ зарур аст. Мо бар асоси қонун метавонем фаъолияти ин ширкатро манъ кунем, вале бидуни қарори суд, ҳаққи гирифтани муҷаввизашро надорем. Ба ин далел мунтазири қарори суд ҳастем ва ҳоло суди иқтисодӣ амалиёт дар ҳисобҳоро манъ кардааст ва нагуфтааст, ки фаъолияташро қатъ кунед. Ин амалиёт берун аз муносибатҳои мо бо ин муассиса аст. Зеро як кас пул дода бошаду пулашро пас нагирифтааст, ин муносибати ду тараф аст, ки суд баррасӣ ва ҳал мекунад.»

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон, ки ин муассисаи хурди қарздиҳӣ ба Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон чӣ рабт дорад, гуфт, ки Исмоил Раҷабов, раиси муассисаи қарздиҳии «Ренесанс Капитал» яке аз наздикони муовини сарвазир аст.

Ба гуфтаи намояндаи Додгоҳии олии иқтисодӣ, Шӯҳрат Мирзошарифов, «таъиноти суд дар масъалаи таъмини даъвои молии Абдуллоев, сокини Тоҷикистон, нисбати ин муассиса дар дасти ман буд, вале ман аз ҷузъиёти парванда иттилоъ надорам.»

Ба додгоҳи иқтисодӣ кашонда шудани муассисаи хурди қарздиҳии «Ренесанс Капитал» дар ҳоле сурат гирифтааст, ки соли гузашта ширкати эронии «Витан» низ ин муассисаро ба ғасби моликияти худ муттаҳам дониста ва сафорати Эрон дар Душанбе низ аз амалкарди Исмоил Раҷабов, раиси муассисаи «Ренесанс Капитал» дар заминаи эҷоди мавонеъ дар роҳи фаъолияти соҳибкорони эронӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Афзун бар ин қазия муассисаи «Ренесанс Капитал» се соли пеш ҳангоми аудити Бонки Миллии Тоҷикистон аз сӯи ширкати бритониёи «Эрнст энд Янг» машҳур гашт. Ин даврае буд, ки таҳти раҳбарии раиси вақти Бонки Миллӣ, Муродалӣ Алимардонов, маблағҳои буҷавӣ ба чанд муассисаи хурди қарздиҳӣ, ширкатҳои фючерӣ, ки раҳбарии бархе аз онҳоро наздиконаш бар ӯҳда доштанд, қарз дода буд.

Бозрасон дар қатори чанд ширкат он вақт аз «Ренесанс Капитал» низ ном бурда буданд.

Бино ба натиҷаи эъломшудаи аудит дар ғайриқонунӣ истифода шудани ин маблағҳо Муродалӣ Алимардонов, раиси собиқи Бонки Миллӣ ва ҳоло муовини сарвазири Тоҷикистон масъул будааст. Пас аз ин аудит Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфта буд, ки ин қазияро баррасӣ хоҳад кард. Аммо бо гузашти ду сол ин мавзӯъ аз забонҳо афтод.

Вале ба эътиқоди бархе аз коршиносон бо гузашти вақт, парвандаи муассисаи «Ренесанс Капитал» шояд оғози дубораи ин моҷаро дар ҷомеа шавад. Абдуазими Абдуваҳҳоб, коршиноси тоҷик мегӯяд, «ин далолати он аст, ки нуфузи Муродалӣ Алимардоновдар ҳукумати Тоҷикистон кам мешавад. Агар дар гузашта вай нуфуз дошт ва ҳарфи ӯро ниҳодҳои давлатӣ ду намекарданд, ҳамакнун ба назар мерасад, ки ин нуфузро камтар дорад».

Ҳарчанд Додгоҳи олии иқтисодӣ ҳисобҳо ва фаъолияти муассисаи «Ренисанс Капитал»-ро бастааст, баррасии парвандаи ин муассиса ҳамчунон идома дорад ва коршиносон мегӯянд, ки паҳлуҳои дигари амалкардҳои норӯшан ва ба эҳтимоли зиёд ғайриқонунии «Ренесанс Капитал» дар ҷараёни мурофиаҳо рӯи об хоҳад омад. Зеро гуфта мешавад, ки нисбати фаъолияти ин муассиса ва раҳбари он дар идораҳои дигари ҳуқуқӣ низ шикоятҳо мавҷуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG