Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко мегӯяд, мухолифонашро нобуд хоҳад кард


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус имрӯз қавл дод, ки ҳаргуна гурӯҳи мухолиф ба ҳукуматашро нобуд хоҳад кард. Ӯ дар паёми солонааш ба порлумони Ҷумҳурии Белорус гуфт: "Садо Мо ҳар гурӯҳи панҷум, шашум ва ё 25-ро нобуд хоҳем кард ва барои ин манобеъи лозимро дорем. Аммо ин ба маънои он нест, ки диктатор мехоҳад ҷомеаро бишканад ва дар маркази Аврупо диктатура бисозад." Паёми ӯ ду ҳафта баъд аз бомбгузории хунин дар метрои Минск сурат мегирад, ки дар он ҳамла 13 нафар кушта шуданд ва ҳам вазъи иқтисодии Белорус дар ин авохир бадтар мешавад. Лукашенко дар гузашта, бомбгузорӣ ва мушкилоти иқтисодии кишварашро кори дасти гурӯҳҳои номаълуме хонд, ки ба гуфтаи ӯ, мехоҳанд, Белорусро ноором кунанд.
XS
SM
MD
LG