Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Душанбе ҳалномаи “Миллат”-ро бетағйир гузошт


Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи даъвогии нашрияи “Миллат”-ро аз болои ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ баррасӣ карда, онро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ баҳси нашрияи “Миллат” бо Вазорати кишоварзиро ба нафъи ахирӣ ҳал ва “Миллат”-ро 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карда буд. Акнун ин қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳукми қонун медарояд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта се додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон бо се нашрияи мустақил - “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-Плюс” мусолиҳа карданд. Аммо ҳанӯз баҳсҳои дигари додгоҳӣ миёни нашрияи “Азия-Плюс” ва Анвар Тағоймуродов, муовини вазири корҳои дохилӣ, Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” бо Вазорати адлияи Тоҷикистон идома доранд.
XS
SM
MD
LG