Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атрофи Фукушима "маҳалли хатарнок" эълом шуд


Мақомоти Ҷопон то 20 километрии атрофи нерӯгоҳи атомии аз заминларза ва сунамӣ осебдидаи Фукушимаро маҳалли хатарнок барои вуруд эълом карданд. Юкия Эдано, дабири ҳукумати Ҷопон аз сокинон хост, ба хотири сиҳатӣ ва амнияти худ муқарраротро риоят кунанд, зеро вазъи нерӯгоҳи Фукушима ҳанӯз ба эътидол наомадааст. Баъди осеб заминларза ва сунамии рӯзи 11 март, тақрибан 80 ҳазор нафарро аз маҳалҳои атрофи нерӯгоҳ ба ҷойи амн интиқол доданд. Бино ба гузоришҳо, баъзе аз сокинон ба манзилҳои зисти худ бармегарданд ва пулис ҳам наметавонад, бар асоси қонун монеъи онҳо шавад. Акнун баъди эъломи ҳукумат, сокинон танҳо ҳақ доранд, барои муддати кӯтоҳ ва гирифтани ашёи лозим ба хонаҳояшон баргарданд. Баъди осеб дидани Фукушима, аз он олудагиҳои ҳастаии зиёд хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG