Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Фаронса барои кӯмак ба шӯришиёни Либия


Ҳавопаймои Рафаэли Фаронса ҳангоми парвоз дар рӯзи 20 Апрел
Ҳавопаймои Рафаэли Фаронса ҳангоми парвоз дар рӯзи 20 Апрел
Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, ваъда дод, ки ҳамлаҳои ҳавоии ба раҳбарии НАТО ба нерӯҳои Муаммар Қаззофиро шиддат мебахшанд, то шӯришиёни Либия тавонанд, ҳамлаҳои онҳоро дар шаҳри Мисрота пас гардонанд ва дар ниҳояти амр пирӯз шаванд. Дар талоши дигаре Фаронса ва Итолиё ба Бритониё пайвастанд, ки мушовирони низомиашро барои кӯмак ба шӯришиён ба Либия фиристод. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни ҷангҳо миёни нерӯҳои Қаззофӣ ва шӯришиён дар шаҳри Мисрота дар такягоҳи охирини шӯришиён дар ғарби Либия, 10 нафар кушта шудаанд. Аз ҷумла ғайринизомиёни Либия, як табиби украинӣ ва ду хабарнигори ғарбӣ.
XS
SM
MD
LG