Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои додгоҳии Би Пи алайҳи ду ширкати дигар


Ширкати азими нафтии Би Пи, дар аввалин солгарди фалокати нафтӣ дар Халиҷи Мексика дар Амрико ду ширкати дигарро ба додгоҳ кашидааст, зеро ба иддаъои Би Пи, беэҳтиётии онҳо ба фалокат мусоидат кардааст. Би Пи рӯзи чаҳоршанбе, ширкати Трансоушн, соҳиби манораи нафткашро, ки 20 апрел соли 2010 таркид, ба додгоҳ кашида ва хостори 40 миллиард ҷуброн шуд. Би Пи мегӯяд, абзорҳои амниятии манораи нафткаш дуруст кор накардаанд. Ширкати дуввум Камерон Интернешнл, тавлидкунандаи манораи нафткаш аст, ки ба гуфтаи Би Пи натавонистааст монеъи нашри нафт ба дарё шавад. Би Пи мехоҳад, аз ҳисоби пули ин ширкатҳо, миллиардҳо доллар ҷуброни фалокати нафтиро бипардозад. Бар асари таркиши манораи нафткаш дар Халиҷи Мексика, 11 нафар кушта ва тақрибан 5 миллион бӯшка нафт ба дарё рехт.
XS
SM
MD
LG