Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали амрикоӣ мегӯяд, ISI ба Толибон кӯмак мекунад


Майк Муллен, генерал ва фармондеҳи олирутбаи амрикоӣ, Хадамоти Ҷосусии Покистонро муттаҳам кард, ки бо гурӯҳҳои нерӯманди тундраве, ки дар Афғонистон меҷанганд, иртибот дорад. Майк Муллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар ин бора бо телевизиони покистонии Гео Ти Ви ва қабл аз мулоқоташ бо Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон сухан гуфт. Ӯ афзуд, ки мавзӯъи иртиботи шабакаи Ҳаққонӣ, як гурӯҳи тарсноки ҷангҷӯро бо Ашфақ Каёнӣ дар миён мегузорад, ки бовар меравад, Хадамоти Ҷосусии Покистон бо он иртибот дорад. Покистон қаблан иддаъоҳои мақомоти Амрикоро рад кардааст, ки мегуфтанд, ин кишвар ба шабакаи Ҳаққонӣ ва ҷиноҳҳои Толибон дар Афғонистон кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG