Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷрогарони ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ моликияти нашрияи “Пайкон”-ро ба нафъи “Тоҷикстандарт” мусодира карданд.

Аҳлиддини Салимпур, аз кормандони ҳафтаномаи “Пайкон”, гуфт, ки онҳо ба идораи ҳафтанома ҳозир шуда, ду компютер, телефони корӣ ва сканнеру дастгоҳи чопии ҳафтаномаро бо худ бурданд.
Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки худ бо вазорати адлияи Тоҷикистон баҳси додгоҳӣ дорад...


Вай афзуд, "ду компютери корхона яке 600 ва дигарӣ 400 доллар, сканнер - 60 ва дастгоҳи чопӣ 120 доллар арзиш дошт. Ҷамъ - 1180 доллар."

Моҳи октябри соли 2010 додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳси додгоҳии “Тоҷикстандарт” бо “Пайкон”-ро дар давоми 15 рӯз ба итмом расонида, нашрияро барои пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карда буд. Шикояти "Тоҷикстандарт" аз нашри як муроҷиати соҳибкорон буд, ки ин ниҳодро монеаи рушди соҳибкорӣ унвон карда буданд.



МОЛИКИЯТИ "ПАЙКОН" Ё БЮРО?

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ (аз тарафи чап)
“Тоҷикстандарт” даъво дошт, ки “Пайкон” бо нашри матлаби тӯҳматомез ба шаъну шарафи ин ниҳод латма ворид кардааст. Аммо дар зинаи дуввум - додгоҳи Душанбе аз ҳалнома ибораи "шаъну шараф" ҳазф шуд, вале бақия нуктаҳо, аз ҷумла ҳаҷми ҷарима тағйир наёфтанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон низ қарори зинаҳои поёниро бетағйир боқӣ гузошт. Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ мегӯяд, моликияте, ки бо номи "Пайкон" мусодира шуд, рабте ба ҳафтанома надорад: "Барои он ки худи "Пайкон" моликият надорад. Соҳиби ин моликият Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ - муассиси ҳафтанома аст. Мақомот ҳаққу ҳуқуқи гирифтани моликияти Бюроро надоштанд."

Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки худ бо вазорати адлияи Тоҷикистон баҳси додгоҳӣ дорад.

ИҶРОГАРОН ИҶРО МЕКУНАНД...

Иҷрочиёни додгоҳ, ки дар тобеияти вазорати адлия қарор доранд, мегӯянд, ҳар коре анҷом додаанд, дар доираи қонун будааст. Саидмаҳмуд Гулов, иҷрочии додгоҳӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ гуфт: "Вазифаи мо иҷрои қарору ҳалномаҳои додгоҳ аст. Ҳоло мо дар даст ҳалномаи додгоҳ барои ситонидани 300 ҳазор сомонӣ маблағ ба нафъи "Тоҷикстандарт"-ро дорем. Ҳаминро
Кормандони "Пайкон" мегӯянд, ин шумораи ҳафтаномаро бо истифода аз таҷҳизоти ягон нашрияи дигар омода хоҳанд кард...
бояд иҷро кунем."

Аҳлиддини Салимпур, аз ҳафтаномаи “Пайкон” мегӯяд, дар ин маврид ба додгоҳ ариза рӯзи 18-уми апрел, даҳ рӯз пас аз ҳушдори иҷрочиёни додгоҳ навишта буданд, ки "Пайкон" моликият надорад, балки ин компютеру техника моли Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ аст.

Аммо Саймаҳмуд Гулов мегӯяд, ҳамчунин аризаро дар даст надоранд ва дар ҳоли ворид шудани ариза ҳам онро баррасӣ хоҳанд кард. Вай афзуд, амволи мусодирашуда то ниҳоӣ шудани баҳс дар ихтиёри додгоҳ хоҳад буд. Коршиносон бар ғайриқонунӣ будани мусодираи таҷҳизоти "Пайкон" ишора карда, мегӯянд, аз оғоз ин парванда хилофи қонун буд, зеро "Пайкон" шахси ҳуқуқӣ нест, аз ин хотир, онро ба додгоҳ кашидан мумкин набуд.

"ҲАДАФ ТАНТАНАИ АДОЛАТ НЕСТ"

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумуни миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, вақте худи муассиси "Пайкон" - Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ҳам аз сӯи Вазорати адлия бо далоили шубҳаангез ба додгоҳ кашида шудааст, хулосаи ӯ дигар аст: "Ҳадаф ин ҷо ҳақро ба ҳақдор расонидан, тантанаи адолат ва барқарор кардани адолати судӣ нест. Ҳадаф танҳо тарсонидани чашми расонаҳо ва рӯзноманигоронест, ки ба масоили муҳими ҷомеа даст мезананд."

Кормандони "Пайкон", ки 2 ҳазор теъдод дорад, мегӯянд, ин шумораи ҳафтаномаро бо истифода аз таҷҳизоти ягон нашрияи дигар омода хоҳанд кард ва умед доранд, додгоҳ ба зудӣ таҷҳизоти онҳоро хоҳад баргардонид.

Ҷумъаи Толиб, сардабири "Пайкон" ва низ муассиси Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ба далели маризии шадид натавонист, ки бо мо сӯҳбат кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG