Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти як ибодатгоҳи масеҳӣ


Бинои ибодатгоҳи масеҳиёни православ дар шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)
Бинои ибодатгоҳи масеҳиёни православ дар шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ фаъолияти танҳо ибодатгоҳи маҳаллии масеҳиёнро манъ кардааст.

Ин тасмими ҳукумати маҳаллӣ, ки дар пешорӯи иди мазҳабии "Пасха" гирифта шудааст, нороҳатии ҷомеаи масеҳиёнро ба дунбол доштааст.
Дар пайи тафтиши фаъолияти муассисаҳои динии ноҳия ҳамчунин фаъолияти се масҷиди панҷвақта, ки низ бе иҷозаи мақомот ва ғайрирасмӣ идома доштааст, манъ шудааст...


Ба гуфтаи Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Румӣ дар масоили идеологӣ, иллати аслии баста шудани дарҳои ибодатгоҳ расман сабти ном нашудани ин муассисаи динӣ будааст.

Вай афзуд, фаъолияти бидуни иҷозаи ибодатгоҳи масеҳӣ дар паи тафтишу санҷиши кулли муассисаҳои динии ин ноҳия ошкор шудааст.

МУШКИЛИ САНАД

Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
"Дар чанд соли ахир ибодатгоҳи масеҳиён фаъолият дошт ва ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод карда буданд. Аммо ба сабаби он ки баъзе камбудиҳо ҷой дошт, дар масъалаи пурра омода набудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ оид ба бақайдгирӣ, то ҳол сабтином нашудааст. Ҳоло мо фаъолияти ҳамин ибодатгоҳро манъ кардаем, то он замон ки фаъолият ва ҳуҷҷатҳояш омӯхта шавад ва расман аз қайди давлатӣ гузарад”,-
илова кард ӯ.

Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳамчунин аз фаъолиятҳои баптистон дар ин ноҳия изҳори нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ, бидуни мувофиқа ва дарёфти иҷозаи расмӣ, фаъолияти худро роҳандозӣ кардаанд.

Ҳоло ибодатгоҳи масеҳиёни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ роҳиб ё попи худро надорад, вале бо ин вуҷуд, баста шудани ибодатгоҳ мояи ташвиш ва нигаронии масеҳиён дар Хатлон шудааст.

"НОХУН ЗАДАН БА ЭҲСОСҲО"

Людмила Хоҷаева
Лдюмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлон, дар пешорӯи муҳимтарин иди мазҳабии пасха баста шудани ягона ибодатгоҳ дар ноҳияи Румиро баробари "нохун задан ба эҳсосҳо ва эътиқодоти динии масеҳиён" мешуморад.

Вай гуфт, масеҳиён ба қонунҳои ҷории кишвар эҳтиром мегузоранд, аммо мақомот набояд дар сабтиноми муассисаҳои динӣ садду монеаҳои сунъӣ эҷод намоянд.

Хонум Хоҷаева мегӯяд: "Хуб мебуд, ба нишони эҳтироми арзишҳо ва фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ, ибодатгоҳи масеҳии ноҳияи Румӣ ҳадди ақал пас аз анҷоми иди пасха баста мешуд. Зеро масеҳиён барои таҷлили ин иди бисёр мӯҳташами динӣ куҷо бояд бираванд? Ягона макони ҷамъшавии пайравони дини масеҳӣ ҳамин гуна ибодатгоҳҳост. Азбаски шумораи рустаборон ва масеҳиён хеле андак аст, мақомот набояд ба озодиҳои эътиқодӣ сахтгир шаванд. Фикр мекунам, ки ин амали ҳукуматдорони ноҳияи Румӣ начандон дуруст аст. Беҳтар мебуд, ки дар аввал ба масъулони ибодатгоҳ огоҳӣ дода мешуд, то битавонанд мушкили санадгузориашонро ҳал кунанд."
Бастани ибодатгоҳи масеҳӣ дар ноҳияи Румӣ дуввумин маврид дар моҳҳои ахир аст, ки аз сӯи масеҳиёни Хатлон ҳамчун талоши мақомот ба маҳдудсозии озодиҳои эътиқодиашон арзёбӣ мешавад...


"КӮШИШИ МАҲДУДСОЗӢ НЕСТ"

Вале масъулони ҳукумати ноҳияи Румӣ мегӯянд, баста шудани ибодатгоҳи масеҳиён набояд ҳамчун кӯшиши маҳдудсозии озодиҳои эътиқодии пайравони ин дин арзёбӣ шавад, балки танҳо мушкили сабтиноми он дар миён будааст. Дар ҳукумати ноҳияи Румӣ гуфтанд, ки дар пайи тафтишифаъолияти муассисаҳои динии ноҳия ҳамчунин фаъолияти се масҷиди панҷвақта, ки низ бе иҷозаи мақомот ва ғайрирасмӣ идома доштааст, манъ шудааст.

Сулаймони Ҷамил, рӯзноманигори маҳаллӣ аз ноҳияи Румӣ, мегӯяд, баста шудани фаъолияти ибодатгоҳи масеҳиён, ба эҳтимоли қавӣ, ба он рабт дорад, ки солҳои ахир гурӯҳҳое ба миён омадаанд, ки зери ниқоби созмонҳои динии масеҳӣ одамонро ба пайравӣ аз адёни ғайр ташвиқ мекунанд.

Сулаймони Ҷамил
"Ростӣ, созмонҳое пайдо шудаанд, ки зархаридӣ мекунанд, яъне аз камбизоатию ночории одамон сӯйистифода карда, онҳоро тавассути расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба боптистию ҳар хел сектаҳо ҷалб мекунанд. Чӣ лозим аст ин? Нодуруст аст, ки инсон танҳо ба хотири пулу мол аз дину мазҳабаш рӯ гардонад. Аз ин рӯ, бояд дар баробари санҷиши қонунияти фаъолияти масҷидҳо, ҳамчунин фаъолияти созмонҳои дигари динӣ низ хуб санҷида шаванд. Бовар дорам, баъзе аз ин созмонҳо барои фаъолияташон иҷозатнома надоранд. Сарчашмаҳои молии онҳо бояд тафтиш шавад, ки дар баъзе маврид аз хориҷа меояд"
,-афзуд ӯ.

ТЕЪДОДИ КАМ, МУШКИЛИ АФЗУН

Ҷаноби Ҷамил афзуд, гумони ғолиб ин аст, ки мақомоти зидахли ноҳияи Румӣ пас аз дақиқ кардани наҳваи фаъолияти ибодатгоҳи масеҳиён ва созмонҳои миссионерӣ, дубора дарҳои ибодатгоҳро боз хоҳанд кард.

Дар ноҳияи Румӣ, бар асоси иттилои расмӣ, наздик ба 800 пайрави дини масеҳӣ, асосан русзабонҳо ба сар мебаранд. Иддае аз онҳо мегӯянд, барои анҷоми фаризаҳои диниашон водор ҳастанд даҳҳо километр роҳро тай карда, ба ибодатгоҳи воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ё Душанбе бираванд, ки барояшон сахту сангин аст.

Дар ноҳияи Румӣ, бар асоси иттилои расмӣ, наздик ба 800 пайрави дини масеҳӣ, асосан русзабонҳо ба сар мебаранд. Аз ин теъдод бештар аз 100 нафари онҳо аз обидони доимии ибодатгоҳ будаанд.

Бастани ибодатгоҳи масеҳӣ дар ноҳияи Румӣ дуввумин маврид дар моҳҳои ахир аст, ки аз сӯи масеҳиёни Хатлон ҳамчун талоши мақомот ба маҳдудсозии озодиҳои эътиқодиашон арзёбӣ мешавад.

Чанд моҳ пеш масеҳиёни Қӯрғонтеппа аз лоиҳаи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд интиқод карда буданд, ки манъи вуруди афроди то 18-сола ба муассисаҳои диниро пешбинӣ кардааст. Рӯҳонии ибодатгоҳи масеҳии шаҳри Қӯрғонтеппа гуфта буд, ки агар ин қонун дар ҳамин шакл қабул гардида, вуруди то 18-солаҳо ба муассисаҳои динӣ расман мамнӯъ шавад, пайомадаш ин аст, ки шумораи назарраси масеҳиён тарки Тоҷикистон хоҳанд кард.

ШАРҲИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ:
"Мақомоти ичроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба посухи «Интернет» сайти радиои «Озодӣ» дар бораи ҷавоби муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини РумӢ, Нурматова Дилбар, ки ба рӯзноманигори радиои «Озодӣ» оиди қатъ гардонидани фаъолияти калисои масеҳии православии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки иштибоҳатан маълумот додааст навишта маълум менамояд, ки дар ноҳия чунин калисо фаъолият надорад.

Айни ҳол дар ноҳия калисои насрониҳои инҷилӣ дар кӯчаи Ҳайдаров, № 12 расман фаъолият менамояд. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аризаи дастъҷамонаи эътиқодмандони калисои масеҳии баптистии инҷилии ноҳияро аз 1 марти соли 2011, таҳти № 182 «Оиди ба қайдгирии иттиҳодияи динии кӯчаи Бобоxонов, № 1/2 шаҳраки ба номи С.Исоев фаъолиятдоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо ҷавоби хаттӣ ирсол намудааст. Бинобар риоя накардани талаботи боби 7, моддаи 31 банди 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолияташон боздошта шуд."
XS
SM
MD
LG