Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташрифи Барак Обама ба қароргоҳи Facebook


Обама ва Зуккерберг дар як дидори моҳи феврал
Обама ва Зуккерберг дар як дидори моҳи феврал
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама зимни як боздиди монанд ба маърака аз дафтари марказии сомонаи маъруфи иҷтимоии Facebook дар Паоло Алто, минтақае дар дараи Силикони Калифорния дар бораи эҳёи иқтисоди кишвараш сӯҳбат кардааст. Обама, ки дар инҷо ҳамроҳ бо асосгузори 26-солаи Facebook Марк Зуккерберг зоҳир шуд, нақшааш ҷиҳати коҳиши 1,4 триллион касри будҷа тавассути коҳиши масрафот ва боло бурдани молиёти сарватмандонро тавзеҳ дод. Мақомоти ҳизби демократи Обама дарк кардаанд, ки иртибот бо раъйдиҳандагон тавассути Facebook ва сомонаҳои дигари интернетӣ барои таъмини пирӯзии Обама дар интихоботи соли оянда муҳим хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG