Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду аксбардори шинохта дар Мисротаи Либия


Дар шаҳри аз сӯи нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ иҳоташудаи Мисротаи Либия ду аксбардори шинохта кушта шудаанд. Тим Ҳезерингтони бритониёӣ ва Крис Ҳандроси амрикоӣ рӯзи чоршанбе вақтеҷон бохтанд, ки гурӯҳи онҳо зери тирборон монд. Ҳезерингтони 41-сола ҳаммуаллифи филми мустанади "Restrepo" дар бораи рӯзгори асокири Амрико дар ҷанги Афғонистон буд. Ҳондрос низ 41 сол дошта, аз поёни солҳои 90 аз майдонҳои ҷанг аксбардорӣ мекард. Дирӯз дар Мисрота- охирин пойгоҳи чирикиҳо дар ғарби Либия - 7 сокини маҳаллӣ ва як табиби украинӣ низ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG