Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз Чернобил боздид кард


Мун, Янукович ва Амано дар Чернобил
Мун, Янукович ва Амано дар Чернобил
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун, ки бо сафаре дар Украина қарор дорад, дар остонаи солгарди 25-уми садамаи нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил аз ин нирӯгоҳ дидан кард. Ӯро дар ин сафар раҳбари Ожонси байналмилалии ҳастаӣ Юкио Амано ва мизбони онҳо - раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович – ҳамроҳӣ кардаанд. Бан Ки Мун гуфт, сабақҳои Чернобил ва нирӯгоҳи ҳастаии як моҳ пеш аз зилзила ва тсунами тахрибшудаи Фукушимаи Ҷопон омӯхтанист.
Нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар таърихи 26 апрели соли 1986 бар асари як таркиш тахриб шуд. Украина ҳафтаи оянда солгарди 25-уми ин фалокатро ёд хоҳад кард. Анҷумани донорҳо рӯзи сешанбе дар Киев барои пӯшондани боми реактори харобшудаи Чернобил 550 миллион евро ваъдаи кумак кард.
XS
SM
MD
LG