Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як аксбардори маъруф дар Мисрота кушта шуд


Ин акси Ҳезерингтон дар соли 2007 ҷоизаи ҷаҳонии матбуотро соҳиб шуда буд
Ин акси Ҳезерингтон дар соли 2007 ҷоизаи ҷаҳонии матбуотро соҳиб шуда буд
Тим Ҳезерингтон, як аксбардор ва филмбардори маъруфи саҳнаҳои ҷанг, ки ба ҷоизаи Оскар низ номзад шуда буд, дар шаҳри аз сӯи нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ иҳоташудаи Мисрота кушта шуд. Ин зодаи Бритониё ва ҳаммуаллифи филми мустанади "Restrepo" дар бораи рӯзгори асокири Амрико дар хатти пеши ҷабҳаи ҷанги Афғонистон ба хотири пайгирии набардҳо миёни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикиҳо ба Либия рафта буд. Тим Ҳезерингтон, ба гуфтаи ҳамкори амрикоияш Ҷоанна Рамос Бойер, дар дохили Мисрота, танҳо пойгоҳи таҳти назорати чирикиҳо дар ғарби Либия, ҷон бохтааст. Ассошиэйтед Пресс хабар дод, ки се аксбардори дигар сахт захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG