Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Тоҷикистон қасд дорад ба зудӣ ба содироти тухм шурӯъ кунад. “Азия Плюс” аз қавли муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Сиҷоъуддин Исроилов навишт, ки корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон ба зудӣ аз 1 то 2 миллион дона тухмро ба Эрон содир хоҳанд кард. Оқои Исроилов гуфт, як маризии саросарӣ боиси марги шумори бузурги мурғон дар Эрон шуда, зарурати аз хориҷ ворид кардани тухм ба бозори он кишваррро пеш овардааст. Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон аблан худ аз хориҷ, аз ҷумла аз Эрон тухм ворид мекард. Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир шумори мурғон дар Тоюҷикистон ба 1,4 миллион расида, ва тавлиди тухм ба 40 миллион дона наздик мешавад.
XS
SM
MD
LG