Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон 53 фоиз афзудааст


Саидхон Ҷӯрахонов

Саидхон Ҷӯрахонов

Тайи семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 4900 мавриди ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ қариб 53 дарсад бештар будааст. Саидхон Ҷӯрахонов, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, бахусус афзоиши теъдоди ҷиноёти иқтисодӣ имсол бештар буда, дар ҳоле ки дар 3 моҳи аввали соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 103 ҷинояти иқтисодӣ сабт шуда буд, имсол ин нишондиҳанда ба 1 152 маврид расидааст. Тақрибан сеяки ҷиноёти иқтисодиро имсол сирқати амвол бо истифода аз мақом ва ришвахорӣ ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG