Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми Э.Раҳмон: Аз Ховари Миёна то мушкили барқ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар паёми солонааш эҳтимоли дар Тоҷикистон рух додани ҳаводиси монанд ба ошӯбҳои Ховари Миёнаро аз эътибор соқит кард. Оқои Раҳмон гуфт, мардуми тоҷик, ки таҷрубаи талхи ҷанги шаҳрвандиро дидааст, баҳои чунин инқилобҳоро хуб медонад.Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ҳамчунин ҷорӣ кардани мораторийи сесола ба тафтиши фаъолияти соҳибкоронро пешниҳод кард. Ӯ ҳамчунин ба зарурати дар солҳои наздик ба истиқлолияти энержӣ даст ёфтани Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ташхисоти фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғун алакай дар моҳи майи соли равон анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG