Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мазнуни терроризм дар Қирғизистон


Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, як шаҳрванди Русияро, ки дар он кишвар бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард қарор дошт, боздошт кардаанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки ин гумонбари 38-сола дар вилояти шимолии Чуй, дар рустои Беловодское дастгир шудааст. Исми боздоштшуда эълон нашудааст, вале бино ба хабарҳо, ӯ дар Узбакистон ба дунё омада, солҳо боз дар Русия мезист. Ӯ се сол боз бо иттиҳоми даст доштан дар қатли чанд пулиси Русия дар минтақаи Қафқози шимолӣ таҳти таъқиб қарор дошт. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ин нафар ҳангоми боздошт бо худ як шиносномаи ҷаълии қирғизӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG