Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як хабарнигори маҳаллӣ дар Ростов


Пулис дар ҷануби Русия ноиби сардабири як нашрияи маҳаллӣ дар шаҳри Ростови лаби Донро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз мақомоти давлатӣ боздошт кардааст. Муфаттишон мегӯянд, Маргарита Ефремова, ноиби сардабири нашрияи “Южний Федералний” дар як тамоси телефонӣ аз раиси ноҳияи Морозов дар ивази худдорӣ аз нашри як матлаб дар бораи фасодкориаш 500 000 рубл(17 500 доллар) тамаъ кардааст. Хонум Ефремоваро ҳангоми гирифтани як бахши ин ришва аз муовини раиси ноҳия боздошт кардаанд. Ҳамкорони Ефремова мегӯянд, парванда ғолибан сохташуда аст, чунки ӯ дер боз дар бораи фасодкории мақомот гузориш менавишт.
XS
SM
MD
LG