Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

21 апрел - солрӯзи марги Ҷоҳар Дудаев


Ҷоҳар Дудаев

Ҷоҳар Дудаев

Имрӯз, 21 апрел, дабири кулли СММ Бан Ки Мун сафари серӯзааш ба Русияро шурӯъ мекунад. Имрӯз раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар Порис бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дидор хоҳад дошт. Имрӯз раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка паёми солонаашро ироа мекунад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз аз Словения боздиди расмӣ хоҳад кард. Вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон доктор Абдуллоҳ имрӯз дар Пресс-клуби миллии Амрико дар Вошингтон талошҳо барои овардани суботу амният ба Афғонистонро баҳс хоҳад кард. 15 сол қабл, дар таърихи 21 апрели соли 1996 Ҷоҳар Дудаев, нахустин раисиҷумҳури ҷудоиталаби Чеченистон, дар натиҷаи сӯъиқасди нирӯҳои вижаи Русия кушта шуд. Ва соли гузашта, дар ҳамин рӯз Украина замони иҷораи бандари Севастопол ва Қримро барои артиши дарёии Русия дар баҳри Сиёҳ то 25 соли дигар тамдид кард.
XS
SM
MD
LG