Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, бидуни дарёти қарзи бонкҳо, соли ҷорӣ дар 70 дарсади заминҳо кишти пахта анҷом шудааст.

Дар ҳоле, ки давлати Тоҷикистон барои бахши пахтакорӣ дар соли ҷорӣ 90 миллион сомонӣ ва ё муодили 20 миллион доллар дар ихтиёри бонкҳои тиҷоратӣ қарор додааст, Сиҷоҳиддин Исроилов, муъовини вазири кишоварзӣ гуфтааст, ки дар ин шабу рӯз ҳеҷ як ҳоҷагии деҳқонӣ аз бонкҳо қарз нагирифтааст.

РАВАНДИ МУШКЛИ ҚАРЗГИРӢ

Ба таъкиди муовини вазир, далели аслии дарёфт накардани қарз, суди баланди қарзи бонкҳост. Сабаби дигар ин аст, ки бонкҳо то ба ҳол раванди шеваҳои қарздиҳиро ба поён нарасонидаанд ва имкони қарзгирӣ вуҷуд надорад.

Аммо бонкҳои тиҷоратӣ мегӯянд, ки вазорати молия то ба ҳол ин маблағро дар ихтиёри бонкҳо қарор надодааст. Барои мисол Абдуҳомид Шарофов, як масъули «Агробонк», ки бонки аслии қарздиҳанда ба кишоварзон аст дар ин бора гуфт: «дар соли ҷорӣ ба бонки мо маблағ аз сӯи вазорати молия ихтисос дода нашудааст, вале новобаста аз он, раванди қарздиҳӣ дар бонки мо идома дорад ва албатта аз ҳисоби захираҳои қарзие, ки мо дар даст дорем».

Ба таъкиди коршиносон, далели таъвиқи иҷрои раванди қарздиҳӣ дар соли ҷорӣ ба фаъолияти вазорати молия рабт дорад, ки суди қарзро 12 дарсад муқарар кардааст ва бонкҳо бо ин суди боло, омодаи гирифтани қарз аз ин ниҳоди давлатӣ нестанд. Зеро суди қарз пас аз бонкҳо дар маҳалҳо ба 36 ва аз ин ҳам бештар мерасад. Ин боиси он мешавад, ки иттиҳодияҳои деҳқонӣ тавони бо ин мизон суди боло қарз гирифтанро надоранд.

Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид карда буд, ки суди қарзи солона набояд аз 12 -14 дар сад боло бошад. Гузашта аз ин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон бахши пахтакориро дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим хонд ва пуштибонии давлат аз ин соҳаро чунин арзёбӣ кард: «ҷиҳати пуштибонӣ аз соҳаи пахтакорӣ аз ҳисоби будҷаи давлат дар се соли ахир 430 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст ва ба илова дар ин соҳа 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар дасти иҷро қарор дорад.»

ДЕҲҚОНИ ТОҶИК ВА ҚАРЗИ БОНКҲОИ ХОРИҶӢ

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сиҷоҳиддин Исроилов, муовини вазири кишоварзӣ, дар ҳоли ҳозир дар беш аз 70 дарсади замин бидуни дарёфти маблағҳо аз сӯи кӯмакҳои бонкӣ, кишти пахта анҷом шудааст ва агар кишти пахта дар вақташ анҷом нашавад, имкони кам шудани ҳосили пахта аз 20 то 50 дар сад вуҷуд дорад. Барои мисол, Сулаймон Кабутов, соҳибкор аз Қубодиён дар ин бора гуфт: «мо ба бонкҳо ҳамкорӣ дар қарзгирӣ ва қарздиҳӣ надорем ва намедонем, ки бонкҳои Тоҷикистон ин корро анҷом медиҳанд ё не. Иттиҳодияҳои деҳқонии мо аз ташкилотҳои хурди қарздиҳии хориҷӣ монанди «Ҳумо» ва «Партнёрҳо» ва «Имон интернейшнл» қарз мегиранд».

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Асотсиатсияи миллии иттиҳодияҳои деҳқонии Тоҷикистон ҳудуди 55 ҳазор иттиҳодияи деҳқонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ робита надоранд. Аммо Сулаймон Кабутов, соҳибкор аз Қубодиён сабаби асосии қарз гирифтани аксари кулли иттиҳодияҳо ва соҳибкорони бахши пахтакорӣ аз ташкилотҳои қарздиҳии хориҷиро дар шарту шароити дастрас ба мардум донист ва гуфт, ки қарзгир дар тӯли як ҳафта метавонад қарзро дарёфт кунад.

ФОИЗИ КАМИ ҚАРЗҲОИ БОНКҲОИ ХОРИҶӢ


Ятим Замонӣ, корманди ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон Интернейшнал» дар гуфтугӯ бо РО гуфт, ки дар соли ҷорӣ ба соҳибкорони се ноҳия- Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ҳудуди 200 миллион сомонӣ қарз додаанд. Вай дар робита ба суди қарзҳои додаи ин муассиса гуфт: «мӯҳлати қарзи ироакардаи мо аз ду моҳ то 36 моҳ аст. Ҳаҷми он аз 500 то 20 ҳазор сомонӣ ва бо доллар аз 100 то 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки фоизи он 2, 5 то 3 дар сад аст. Қарзгир то 9 моҳ имтиёз низ дорад».

Пас суоле матраҳ аст, ки чаро бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо чунин усул ва шева кор намекунанд ва омода нестанд, ки дар тӯли ҳафта ё моҳ ба пахтакор қарзи 20 ҳазор сомониро ироа кунанд. Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, коршиноси бахши бонкӣ, далели аслӣ ин аст, ки бонкҳо аз риски додани қарз метарсанд ва дигар ин, ки раванди қарздиҳии бонкҳо содда нест ва ба ин далел бахши аъзами иттиҳодияҳои деҳқонӣ ба қарзи бонкҳо дастрасӣ надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG