Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвои се ширкати туркӣ алайҳи Туркманистон


Се ширкати сохтмонии туркӣ, бо иддаъои онки ҳукумати Туркманистон ба онҳо 600 миллион доллар ҳаққи корашонро напардохтааст, ба як додгоҳи байналмилалӣ шикоят бурдаанд. Ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, ширкатҳои Искале Иншоот, Килич иншоот Иҳрачат Саноӣ ва Тиҷорат Аноним барои ҳалли ин баҳс ба Маркази байналмилалии ҳалли моҷароҳои сармоягузорӣ қароргоҳаш дар Вашингтон расман дархост кардаанд. Намояндаи як ширкати муддаъӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Туркманистон қарордодро дар нимаи корҳои сохтмонӣ ва бидуни шарҳе лағв кардааст, ки мухолиф ба муқаррароти созишнома аст. Бунёди коху биноҳои пурҳашамат дар Туркманистон дар аҳди Сафармурод Ниёзов шурӯъ шуд ва то кунун идома дорад.
XS
SM
MD
LG