Пайвандҳои дастрасӣ

Эй, муҳоҷирон, аз худ хабар диҳед!


Нақшаи интерактивии муҳоҷиирони тоҷик

Нақшаи интерактивии муҳоҷиирони тоҷик

Дар шабакаи ҷаҳонии интернет як сафҳаи ҷолибе пайдо шуд, ки имкониятҳои ҷолиберо фароҳам меорад.

Бо истифода аз он метавон нақша ё харитае сохт, ки хоҳишмандон битавонанд ба он ворид шуда, аз ҳастӣ, ҳолу аҳвол ва мушкилоти худ хабар диҳанд.

Ин сафҳа дар таҳқиқи пайомадҳои зилзилаи Ҷопон кӯмаки зиёд кард. Дар ҳоле ки ниҳодҳои давлатӣ аз ҳаҷму паҳнои фоҷиа ҳанӯз иттилои заруриро дар даст надоштанд, яке аз дӯстдорони интернет хеле зуд бо истифода аз қолаби омода сафҳаеро сохт, ки аҳолӣ дар ҳар бахшҳое аз Ҷопон аз тариқи интернет, аммо ғолибан бо паёмак (СМС)-ҳои телефони ҳамроҳ вазъи минтақаи худро ба ин сафҳа навиштанд.

Дертар, вақте ки аз садама дар нерӯгоҳи Фукушимо хабар паҳн шуд, одамоне ки бо худ дастгоҳҳои санҷиши радиатсияро доштанд, дараҷаи ташашӯъ дар маҳалли худро хабар доданд.

Муаллифи тарҳ низ бо назардошти маълумоти расида, ҷанбаъҳои наверо дар нақша ҷойгир кард, ба монанди теъдоди аҳолӣ дар маҳалҳои тахрибшуда, маҳалҳои талабгори ёрии таъҷилӣ, сатҳи радиатсия дар маҳалҳои гуногун ва ғайра.

Нақша ба гунае муҳим шуд, ки ҳукумати Ҷопон онро асоси кори худ қарор дод, маълумоти онро озмуда, муайян кард, ки кӯмаки аввалиндараҷа бояд ба кадом минтақа равона гардад ва дар кадом мавзеъҳо ҳанӯз мешавад, одамонро наҷот дод ва монанди ин.

Иттилое нест, ки муаллифи нақша ҷоизае гирифт ё на ва ё сипосе шунид ё хайр ва шояд ин муҳим ҳам нест. Муҳим он буд, ки ин амали саровақтӣ ҷони садҳо нафарро наҷот дод ва барномаҳои ҳукуматро тасҳеҳу такмил кард.

Қаблан дида шудааст, ки ин қабил нақшаҳои интерактивӣ бештар дар интихоботҳо истифода шудаанд. Намунаи охири онро дар интихоботи президентии Қазоқистон дидем. Нақшае, ки ҳамкорони мо дар Бахши қазоқии Радиои Озодӣ дуруст карданд, маълумоти камназиреро дар бораи ҷараёни раъйдиҳӣ ошкор намуд. Яке аз гузоришҳоро, ки аз минтақаи дурдасти Қазоқистон расида буд, рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” нақли қавл кард.

Ҳоло мо ин нақшаро сохтем ва низ на барои ситоишу сипос, балки воқеан барои рӯшан кардани чанд масъалаи торик. Пеш аз ҳама барои муайян кардани он ки муҳоҷирони тоҷик чӣ теъдоданд ва дар куҷоҳо ба сар мебаранд. Чӣ теъдод аз онҳо ба муҳоҷирати муваққат рафтаанд ва чӣ теъдод ҷоеро барои иқомати доимӣ баргузидаанд. Ва вазъи онҳо дар кишварҳои бегона чӣ гуна аст? Оё созмону марказҳое доранд? Оё ба ҳамдигар кӯмаке мекунанд? Ва монанди инҳо.

Дар беҳтарин ҳолаташ ин нақша метавонад сафҳаи ҳамоишу ҳамбастагии онҳо дар саросари ҷаҳон гардад. Дар бадтарин ҳолат як маълумоти ибтидоӣ, вале дасти аввал дар бораи қаламрави буду боши муҳоҷирони тоҷик.

Бино бар ин, аз ҳамаи Шумо, муҳоҷирони азиз, даъват мекунем, дар ҳар куҷо ки бошед, хоҳ ба воситаи интернет, хоҳ телефони мобил ва паёмак (SMS) лутфан бо фиристодани маълумот ё "сӯзан задан"-и макони ҷуғрофии худ дар ин нақша аз хеш хабар диҳед.

Дар зери паёми худ интихоб кунед, ки оё созмони муҳоҶирон доред, аз гурӯҳ ва дастаҳо иборатед ва ё тани танҳо дар он ҷо кору иқомат мекунед.

Дар маълумотнома инчунин метавонед, шароити кору зиндагӣ ва мушкилоти марбут ба риояти ҳуқуқи худ ё муҳоҷирони дигарро ишора фармоед.

Ҳатто агар аз телефони ҳамроҳи худ ба шумораи мо - 00420724558557 паёмак фиристед, он ба таври автоматӣ дар нақша ҷои худро пайдо хоҳад кард. Инчунин метавонед, ба воситаи Twitter маълумоти худро равон кунед, вале дар хаштегҳо "Ozodi. Sadoi hamvatan. Tajik migrants" нависед. Он ҳам рост ба рӯи нақғша хоҳад афтод.

Ҳамчунин дар гӯшаи "Отправитъ сообщение" метавонед, акс ва наворҳои видео аз ҳаёти худ ва муҳоҷирони дигарро барои сафҳаи "Садои ҳамватан" бифиристед.

Биёед, харитаи муҳоҷирати бузургро бо мадади ҳамдигар бисозем ва бигзор он ҳамаи моро бо ҳам пайванд диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG