Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия бояд қавӣ бошад, то, тавонад..."


Владимир Путин, нахуствазири Русия дар паёми солонааш ба порлумон имрӯз гуфт, Русия бояд қавӣ бошад, то ба мудохилаи хориҷӣ муқовимат карда тавонад: "Дар ҷаҳони имрӯз, агар шумо заъиф бошед, як нафаре ҳатман ёфт мешавад, ки мехоҳад омада ба шумо тавсия диҳад, ки кадом самт, чӣ гуна сиёсатро пеша кунед, кадом роҳро барои рушди худ интихоб намоед. Ингуна тавсияҳои дар зоҳир хайрхоҳона ба назар бад намеоянд, аммо дар воқеъ амрҳои дурушт ва мудохила ба умури дохилии кишвари мустақиланд." Владимир Путин дар суханронии тақрибан дусоата дар палатаи поёнии Думаи давлатӣ кори ҳукуматашро ситоиш кард, ки ба гуфтаи ӯ тавонист, Русияро дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз “такон ва хатарҳои ҷиддӣ” эмин нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG