Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушовирони низомии Фаронса ба Либия мераванд


Фаронса мушовирони низомиашро ба Либия мефиристад то ба шӯришиёне, ки алайҳи Қаззофӣ меҷанганд, кӯмак кунанд. Франсуа Барон сухангӯи ҳукумати Фаронса, дар нишасти хабарие имрӯз гуфт, “гурӯҳи хурди” мушовирони низомӣ ба Шӯрои Милли Мувақаттии Либия кӯмак мекунад, то “шеваҳои ҳифзи ғайринизомиёнро созмондиҳӣ кунанд.” Ӯ таъкид кард, ки Фаронса қасди фиристодани нерӯ ба Либияро надорад. Давлати Бритониё рӯзи сешанбе гуфт, ки барои кӯмак ба шӯришиён 20 мушовири низомиашро ба Либия мефиристад, то дар амри созмондиҳӣ, мухобирот ва роҳҳои икмолотӣ ба онҳо кӯмак кунанд. Давлати Либия гуфтааст, ирсоли мушовирони низомии Бритониё фақат ҷангро дар Либия тӯлонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG