Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи иқтисоддонҳо ба ҳукумати Қирғизистон


Иқтисоддонҳои Қирғизистон ба ҳукумат тавсия додаанд, барои рафъи мушкилоти моливу иқтисодии кишвар, қисме аз саҳмияҳояш дар ширкати тавлидоти тиллои “Сентера”-ро фурӯшад. Сиву се дар сади саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри ҳукумати Қирғизистон аст. Орузбек Дуишев, раҳбари Иттиҳодияи геологҳои Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат бояд аз саҳмияҳои ширкати “Сентерра” ба таври аҳсан истифода кунад. Ба гуфтаи ӯ агар ҳоло се ё да ду дар сади саҳмияҳояшро фурӯшад тақрибан 130 миллион доллар фоида мегирад. “Сентерра Голд” намояндагии як ширкати бузурги Канада дар Осиёи Марказӣ аст.
XS
SM
MD
LG